
Пирӯзии “Куктош” бар КМВА
Дар бозии даври 8-уми Лигаи олӣ дастаи “Куктош” дар майдони хеш бо тими КМВА неру санҷид. Дидори дастаҳо дар майдони «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуда, бо натиҷаи 3:1 ба суди бачаҳои мо хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои моро Шарафҷон Солеҳов ва Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ду гол ба самар расониданд. Ягона тӯби меҳмононро бошад, Шервони Мабатшоев аз пеналти ба нишон насонид. Ҳамин тавр дастаи “Куктош” дар бозии муҳим соҳиби се хол шуда, ба зинаи сеюми ҷадвал баромад.
Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 8-ум
«Куктош» – КМВА – 3:1
Голҳо: Шервони Мабатшоев, 21 –пеналти (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 48 (1:1). Шарафҷон Солехов, 58 (2:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 71 (3:1).
Беҳтарин бозигар: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Куктош»).