«Куктош» аз «Истиқлол» имтиёз ситонд

Бозии мавқуфмондаи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ миёни дастаҳои “Куктош” ва “Истиқлол” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Бозӣ 12 май дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Ба голи задаи дастаи Душанбе Зоир Ҷӯрабоев мизбонон тавассути зарбаи нишонраси легионери узбекистонӣ Сӯҳроб Раҳмонов ҷавоб доданд. Дар ҳоли ҳозир “Куктош” бо дарёфти 8 имтиёз дар ҷои сеюми ҷадвал маскан гирифтааст.