
«Куктош» рақобаташро мусовӣ кард
Дастаи «Куктош» дар бозии даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо тими «Душанбе» рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар майдони хонагии дастаи “Куктош” доир шуда, бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳои рақибро Люк Менвана Леонел (дубл) ва аз дастаи мо бошад, Расул Пайзов ва Суҳроб Раҳмонов ба самар расониданд. Фардо 12-уми май “Куктош” бозии мавқуфмондаи даври 1-уми Лигаи олиро бо дастаи “Истиқлол” баргузор мекунад.
Coca–Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 6-ум
«Куктош» – «Душанбе» – 2:2
Голҳо: Люк Менвана Леонел, 28 (0:1). Расул Пайзов, 33 (1:1). Люк Менҷана Леонел, 69 (1:2). Суҳроб Раҳмонов, 83 (2:2).
«Куктош» (Рӯдакӣ): Шоҳрух Қиргизбоев, Муҳаммад Саломзода, Асадбек Исломов (Муҳаммаҷон Раҳмонов, 65), Алишер Холмуродов, Суҳроб Раҳмонов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Сироҷиддин Гулмуродов, 85), Расул Пайзов, Вайсиддин Сафаров, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Алиҷон Алиҷонов, 85), Шарафҷон Солеҳов (Ҷамшед Муродов, 73), Амирҷон Сафаров (Сатурнин-Херманн Я, 65).