
Расман: Санаи бозии «Куктош» ва «Истиқлол» маълум шуд
Бозии мавқуфмондаи даври 1-уми Лигаи олӣ байни дастаҳои “Куктош” ва “Истиқлол” санаи 12-уми май дар Варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад. Сабаби мавқуф гузоштани бозии мазкур иштироки дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 мебошад. Дастаи “Куктош” баъди чор бозӣ бо касби 6 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор дорад. “Истиқлол” бошад, ягон бозӣ доир накардааст ва дар мавқеи охири ҷадвал маскан гирифтааст.