Азизбек Султонов беҳтарин футболбози моҳи апрел дар Лигаи олӣ

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи апрелро ҷамъбаст намуда, беҳтарин бозигари моҳи апрелро дар Coca-Cola - чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олиро муайян кард. Ҳамлагари “Куктош” - Азизбек Султонов, ки дар ду бозии чемпионат беҳтарин бозигар шинохта шуд, моҳи апрел беҳтарин бозигар эътироф шуд. Сарвони "Куктош" ҳамчунин моҳи гузашта ду гол ба самар расонд.
Пеш аз оғози бозиҳои даври шашуми Coca-Cola - Чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ ба Азизбек Султонов барои беҳтарин бозигар шуданаш 3 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.