Кумитаи назорати интизоми ФФТ сармураббии “Кӯктош”-ро аз ҳақи иштирок дар 3 бозӣ барканор сохт

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Тоҳир Нурзода қонуншиканиҳоро ҳангоми бозиҳои Coca-Cola - чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, инчунин чемпионати ҷавонони кишвар баррасӣ намуда, муҷозот намуд.
Аз ҷумла, барои халалдор кардани банди 2-и боби 6-и Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки муҷозотро барои таҳқири ҳайати доварони хидматрасони бозиҳои Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ифода менамояд, сармураббии “Кӯктош” Ҳикматулло Шарипов аз 3 бозӣ барканор шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.  
Дар ҷаласаи Кумитаи мазкур, инчунин бозингароне, ки дар рафти мусобиқа ба қонунвайронкунӣ роҳ доданд, мувофиқи Кодекси назорати интизоми ФФТ муҷозот шуданд.