Санаи баргузории бозии ояндаи «Куктош» маълум шуд

Бошгоҳи футболи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии даври 6-умро шанбеи 8-уми май баргузор мекунад. Дар ин давр рақиби мо намояндаи Душанбе дастаи “Душанбе” мебошад. Рақобати мазкур соати 17:00 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ доир мешавад. Дар ин рақобат ба бачаҳо барору комёбӣ таманно дорем. 

Даври 6-ум
8 май (шанбе)
Оғози дидор соати 17:00
 «Куктош» – «Душанбе»
Варзишгоҳи марказии н. Рӯдакӣ