
«Куктош» дар даври 5-уми Лигаи олӣ дучори бохт шуд
Дар даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи “Куктош” ба меҳмонии тими “Хуҷанд” сафар кард. Дидори дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо натиҷаи 4:0 ба нафъи дастаи рақиб хотима ёфт. Дар ин дидор голҳоро Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодустов ба нишон расониданд. Ёдовар бояд шуд, ки “Куктош” бозии даври 6-уми Лигаи олиро санаи 8-уми май дар хонааш бо дастаи “Душанбе” доир мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 5-ум
«Хуҷанд» – «Куктош» – 4:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 41 (1:0). Далер Ёдгоров, 68 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 90+1 (3:0). Тоҳир Малодустов, 90+3 (4:0).